Дар Балхи Афғонистон бар асари ҳамла ба мошини ҳомили занони сарбоз ду нафар ҳалок шуданд

Ин ҳамлаи террористӣ субҳи субҳи рӯзи сешанбе, 12 январ, дар ҳудуди ноҳияи панҷуми шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209-уми “Шоҳин” гуфт, ки зимни ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум ба мошини артиш ду зани сарбоз кушта ва се нафари дигар, аз ҷумла ронанда, маҷрӯҳ шуданд.

Ризоӣ афзуд, ки ҳодиса субҳи рӯзи сешанбе, 12 январ дар ноҳияи панҷуми Мазори Шариф замоне рух дод, ки мошини ҳомили сарбозон ба сӯи корпуси артиш равон буд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: