COVID-19. Субҳи имрӯз як гурӯҳ табибони Полша ва коршиносони СУТ ба Тоҷикистон ташриф оварданд

Субҳи имрӯз як гурӯҳ табибони Полша ва коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Ҳадафи ташрифи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: