Медалҳои нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чин

Мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар Ҷумҳурии Халқии Чин ба анҷом расид. Тими мунтахаби футболи наврасони то 16 -солаи Тоҷикистон дар вохӯрии охирини худ бар мизбони мусобиқот, тими мунтахаби Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба карда, соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Дар бозии дуввуми рӯз  футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардиданд.
Ба ҳамин тартиб дастпарварони Зайниддин Раҳимов аз се вохӯрӣ дар дутоаш дастболо гардида, танҳо аз ғолиби мусобиқа, тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 1:3 мағлуб шуданд.

Даври 1

Кореяи Ҷанубӣ- Тоҷикистон  3:1 (муаллифи гол аз мунтахаби Тоҷикистон Тоҳир Малодӯстов).

Чин-Туркманистон  4:1.

Даври 2

Туркманитсон – Тоҷикистон  2:3 (Шервони Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев).

Чин –Кореяи Ҷанубӣ  0:1.

Даври 3

Тоҷикистон – Чин 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон 3:0

Tags: