Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Сюрих сазовори ҷои сеюм гардиданд

Аз 11 то 17 июли соли  равон дар шаҳри Сюрихи  Шветсария Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика дар байни 87 давлати дунё баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Мурод Мирҷалилов, Зикруллоҳ Хужақулов, Алишер Абдураҳмонов, Темурҷонов Азимҷон ва Ҷобири Қурбоналӣ муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Темурҷонов ва Мурод Мирҷалилов сазовори ҷойи сеюм гардида, шараф ва парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд. Иштироки мунтазам ва дастовардҳои назарраси хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба онҳо имкон дод, ки дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ширкати фаъолона намуда, ғолибиятро ба даст оранд.
Бояд гуфт, ки даври интихобии олимпиадаи мазкурро Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила баргузор намуда, аз байни зиёда аз 150 нафар хонандагони беҳтарини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба бартарияти холҳои бадастовардашуда аз фанни физика 1 даста муайян карда шуд.
Аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия,  Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Шветсария баргузор шудаанд, сазовори 108 медал, 19 ҷойи якум, 32 ҷойи дуюм ва 57 ҷойи сеюм гардиданд.

Амит "ХОВАР"

Tags: