«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»». Дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад

ТВТ.13.09.2022. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11-12 октябр дар мавзӯи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи мазкур.

Ҳадафи конференсия- баррасии ҳамаҷонибаи ҷуғрофиё, заминаҳои таърихӣ-тамаддунӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии таълифи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, нақши он дар эҳёи ҳувияти миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад.

Дар конфронс мавзӯъҳои зерин: «Шоҳнома»- муҳимтарин санади ҳувиятии тоҷикон ва форсизабонон; масъалаҳои пажӯҳиши ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; фарҳанги ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома»; нақши «Шоҳнома» дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ-форсӣ; Тоҷикистон дар ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; пойдории ҷойномҳои «Шоҳнома» дар афкори иҷтимоӣ; вожаҳои этникӣ дар «Шоҳнома»; ҷойгоҳи хирад ва огоҳӣ дар «Шоҳнома»; ҷойгоҳи адлу дод дар қаламрави «Шоҳнома»; Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ҷуғрофиёи «Шоҳнома» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштироки олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар ин конфронс дар назар дошта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: