Ҷоми Тоҷикистон: «Истиқлол» ва «Ҳосилот» пагоҳ дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ дар соати 14:00 вориди майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегарданд. Футболбозони «Истиқлол» дар таърихи худ маротибаи ҳаштум дар вохӯрии финалӣ ширкат меварзанд, ки дар ин силсила 5 маротиба ғолиб омада, ду маротиба мағлуб шудаанд. «Ҳосилот»-и Фархор баъди соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи Чемпионати имсола бори аввал дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзад.
Дастаҳое, ки дар 25 соли Истиқлолият соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудаанд, инҳоянд:
1992 «Помир» (Душанбе) «Регар» (Турсунзода) 1:0
1993 «Ситора» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) 0:0. бо пеналтӣ 5:3
1994 «Равшан» (Кӯлоб) «Шодмон» (Ҳисор) 2:1
1995 «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:0. Аз пеналтӣ 3:2
1996/1997 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4:0
1997/1998 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Ранҷбар» (Восеъ) 2:1
1998 «Варзоб» (Душанбе) «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) 3:1
1999 «Варзоб» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:0. Аз пеналтӣ 4:2
2000/2001 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Варзоб» (Душанбе) 4:2
2001/2002 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:1
2002 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3:0
2003 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) 3:1
2004 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) «Ӯротеппа» (Истаравшан) 5:0
2005 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Вахш» (Қурғонтеппа) 1:1. Аз пеналтӣ 3:1
2006 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хима» (Душанбе) 2:1
2007 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Хима (Душанбе) 1:0
2008 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Энергетик» (Душанбе) 2:1
2009 «Истиқлол» (Душанбе) КМВА «Помир» (Душанбе) 3:1
2010 «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5:0
2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:1
2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:1. Аз пеналтӣ 5:6
2013 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:0
2014 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5:2
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:2. Аз пеналтӣ 6:5
2016 «Истиқлол» (Душанбе) «Ҳосилот» (Фархор) ?

АМИТ «Ховар»

Tags: