Ин ҳафта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 25 декабри соли равон (№255 (23598) таҳти сарлавҳаи «Чеҳраи тобони таърих» мақолаи пурмуҳтавои
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Убайдулло Раҳимовро ба нашр расонидааст. Муаллиф дар мақолааш аз хотироти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров оид ба шахсияти тобноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овардааст: «Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу фаъолият кардаам. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем».
Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои «Хатлон. Таъсиси 35 ҳазор ҷойи кор дар як сол», «БМТ. Соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ меёбанд», «Хуҷанд. Шаҳре, ки орзуҳо сабз мешаванд», «Ифротгароӣ монеаи асосии рушди давлати дунявӣ» мақолаҳои ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардидааст.
Муаллифи маводи «Ифротгароӣ монеаи асосии рушди давлати дунявӣ» устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фирӯз Яқубов, аз ҷумла, чунин менигорад: «Мутаассифона, дар ҷомеаи тоҷик низ баъзе аз гурӯҳҳои одамоне пайдо шудаанд, ки фазои ором, хушбахтӣ, пешравии давлат, сохтмони ин қадар масҷидҳои зиёдро, ки шумораашон аз 3900 адад мегузарад, нодида гирифта, даст ба амалҳои бади инсонӣ мезананд. Ин гурӯҳи одамонро бештар аз камсаводӣ, хурофотпарастӣ ва мафкураи маҳдуди сиёсиашон истифода бурда, ба онҳо донишҳои гуногуни диниро таълимӣ нодуруст медиҳанд. Солҳои охир мо шоҳиди он гардидем, ки гурӯҳҳои гуногуни тундрав, ба монанди ҳаракатҳои «Толибон», «Ҳаракати Туркистони Шарқӣ», «ДИИШ», «ТТЭ ҲНИ» дар зери ниқоби таълимоти динӣ борҳо кӯшиши сохтани давлати исломиро карданд, ки дар шароити имрӯза фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба миён овардааст. Таърихнигори машҳури асри ХХ А. Тойинби зикр менамояд, ки ҳама навъи кӯшиши бунёди давлати теократӣ дар асоси ислом ё ин ки дини дигар дар ҷаҳони муосир бесамарӣ ё ҳамон беҳудагӣ аст».
Дар саҳифаи 1-уми нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№152, 22.12.2018) суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ ба нашр расидааст.
Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаи «Тасдиқи созишномаҳои грантии идоракунии захираҳои об ва хавфи офатҳои табиӣ» аз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал чоп гардидааст.
Дар саҳифаи 2-юми ҳамин шумораи «Садои мардум» гузориши муфассали рӯзноманигорони ин нашрия таҳти унвони «478 деҳа то ҳол номи расмӣ надоранд ё оё ба номгузории такрорӣ зарурат ҳаст?» ба нашр расидааст. Хабарнигорони рӯзнома аз ҷамъомаде, ки 19 декабри соли равон дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода оид ба «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардиааст, гузориш додаанд. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла, чунин омадааст: «Муҳаммадюсуф Имомзода аз он изҳори таассуф намуд, ки теъдоди зиёди номҳои ҷамоати шаҳраку деҳот ва деҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ такрор меёбанд. Масалан, зимни номгузории шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин дар кишвар номҳои Ваҳдат дар 31 деҳу шаҳрак, Истиқлол — 25, Баҳористон — 15, Гулистон — 41, Бӯстон — 26, Лолазор — 17, Зарнисор — 15, Меҳробод — 16, Навобод — 38, Тоҷикистон — 4, Файзобод — 17, Чашмасор — 15, Тоҷикобод — 8, Пахтакор — 15, Иттифоқ — 11, Дӯстӣ — 19, Кӯҳдоман дар 10 мавзеъ ва ғайра расман ба қайд гирифта шудаанд».
Нашрияи «Народная газета» оид ба роҳбарии муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақолаи муфассали намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдодро чоп кардааст. Мавриди зикр аст, ки соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба зимма дошт. Дар ин давра 90 ҷаласаи мақомоти соҳавии ИДМ баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, 13 ҳамоиши сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар давраи роҳбарии Тоҷикистон дар тамоми ҷаласаҳо 800 масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нашрия бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти амнияти миллии мамлакат, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, мақолаҳои «Достони инсони ҳақиқӣ» ва «Бо иродаи қавӣ, дили гарму дасти тоза»-ро пешкаши хонандагон кардааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрияи «Народная газета» мақолаҳо оид ба Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зебо Аминзода чоп шудаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Роғун»-хуршеде бар фарози Машриқзамин», «Муаррифи чеҳраҳои сиёсӣ», «Яке аз нуктаҳои калидии Паём амалӣ гардид», «Моҷарои Украина», «Иттиҳод ё фурӯпошӣ?», «Толор пур мешавад, агар…», «Сарват пеши марг ҳеҷ аст».
«Мароми пойтахт» дар ин шумора (26.12.2018, № 541) таҳти сарлавҳаи «Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маводи калон ва Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо оид ба фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2018 нашр намудааст.
АМИТ «Ховар»