ҶАШНИ ПАРЧАМБАРДОРОНИ ВАТАН. Имрӯз вазифаи муқаддасу пуршараф- боло бардоштани Парчами миллии Тоҷикистон бар дӯши хизматчиёни Гвардияи миллӣ вогузор шудааст

Имрӯз ба таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки дар қатори дигар ниҳодҳои давлатдорӣ ва сохтору мақомоти низомӣ яке аз беҳтарин самараҳои Истиқлолият буда, ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, бисту чор сол пур мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда имрӯз дар ин ниҳод бо иштироки тамоми ҳайати афсарону аскарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.

Гвардияи миллии Тоҷикистон (қаблан Гвардияи президентӣ)  зодаи даврони истиқлол аст. Ташкил ва такмили он бевосита бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраҳои мустаҳкамшавии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Он воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ зери роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ барои нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Дар тӯли 24 соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Савганди ҳарбӣ нишон доданд.

Таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, ҳифзи иншооти махсусан муҳими давлатӣ,  иштирок ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимии сатҳи давлатӣ аз қабили вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Иҷрои ин вазифаҳо масъулияти зиёд талаб мекунад, вале барои ҳар як афсару сарбози Гвардияи миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ аст. Аз ин ҷост, ки вазифаи муқаддасу пурмасъулият ва дар баробари ин, пуршарафи боло бардоштани парчами баландтарини ҷаҳон – Парчами миллии Тоҷикистон бар дӯши хизматчиёни Гвардияи миллӣ вогузор карда шуд. Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ гвардиячиёни тоҷик Парчами Ватани азизамонро боло мебардоранд.

Фаъолияти Гвардияи миллӣ зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҷиҳати таъминоти моддиву техникӣ пайваста дастгирӣ меёбад. Имрӯз дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ шароити мусоиди хизмат, заминаи хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст, ки барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳҳази фанниву компютерӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисӣ, варзишӣ фаъолият доранд. Мураббиён аз ҳисоби собиқадорони хизмати ҳарбӣ таъйин шуда, дар ин самт таҷрибаи кофиро касб кардаанд.

Ҳар сол Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияро садҳо мутахассисони хурди техникӣ, алоқа, тайёрии махсус, сержантон, прапоршику афсарони ҷавон хатм карда, мувофиқи қобилияташон барои идомаи хизмат ба ҷузъу томҳо фиристода мешаванд. Барои сайқал додани маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ машқгоҳҳои саҳроӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ҳайати шахсӣ маҳорату малакаи ҷангии худро такмил медиҳад. Барои пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби аср дар Гвардия Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир фаъолият мекунад.  Маркази мазкур бо шароит ва воситаҳои муосири таълим таъмин буда, барои баланд бардоштани қобилияти ҷангии ҳайати шахсӣ мусоидат мекунад.

Ҳар сол сафҳои Гвардияи миллӣ аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гардида, инчунин афсарон донишу маҳорати касбии худро дар муассисаҳои ҳарбии хориҷи мамлакат дар курсҳои гуногуни тахассусӣ такмил медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошии ҷангӣ, таъминоти аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Ҳайати шахсӣ ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар Гвардия доир мегарданд, ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои қудратӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро  такмил медиҳанд.

Дастоварду муваффақиятҳои Гвардияи миллӣ натиҷаи меҳнати пурсамар, хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ ва аз ҳама муҳим садоқат ба Президент, Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар мамлакат 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдом арҷгузорӣ ба хидмати шоёни сарбозони Гвардияи миллии Тоҷикистон аст, ки дар роҳи ҳимояи оромию суботи ҷумҳурӣ  ҷонбозиҳо кардаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: