Чаро соли 2018 дар шаҳри Турсунзода дурнамои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва истеҳсоли пилла иҷро нашуд?

Дирӯз дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои коллективию деҳқонӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ирсоли Паёми навбатӣ ва баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, сухан гуфта шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ«Ховар» иттилоъ доданд.   

Зикр гардид, ки Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафи ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Таҷрибаи кишоварзон ва ҳосилнокии заминҳои корами шаҳри Турсунзода барои гирифтани ҳосили бештар мусоидат менамояд, вале соли 2018 шаҳри Турсунзода дурнамои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва истеҳсоли пилларо  иҷро накард. Аз ин лиҳоз, кишоварзонро мебояд, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии шаҳр ва бозори истеъмолии мамлакат, истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва иҷрои дурнамои соҳа барои соли 2019 тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон васеъ намудани майдони кишти пахта, ки яке аз маҳсулоти стратегӣ ва содиротии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ буд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳисоботи раисони ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Сешанбе ва Работро шунида, мавриди таҳлил қарор дод. Гуфта шуд, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар маҳалҳо аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот вобастагии калон дошта, масъулинро мебояд ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ корро ҷоннок намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: