Ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро намуд

Дар асоси  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории кормандони ҷамоат бо ҷавонону волидайни даъватшавандагон, ҷамоати деҳоти  Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аз байни 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр  якумин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро иҷро намуд.

Ҷамоати мазкур соли дуюм аст нақшаи даъватро  пеш аз муҳлат иҷро менамояд, ки як сабаби он ҳамкории наздики масъулини ҷамоат   бо сокинон мебошад.

Масъулин зикр намуданд, ки тибқи нақша 23 нафар даъватшавандаро ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намуданд ва   то адои хизмати  онҳо аз ҳолашон бохабар гардида, ба онҳо кумак  мерасонанд

АМИТ "Ховар"