Булғория, Юнон ва Эстония ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол интихоб шуданд

Дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Булғория, Юнон ва Эстония дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия мегузарад, қувва меозмояд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
«Тибқи қуръакашӣ дастаҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо шуданд ва ин бозиҳо дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешаванд»-хабар дод манбаъ.

Тибқи низомномаи мусобиқа 16 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам мусобиқа меороянд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд ва бо ҳам ҷойҳои аз 1 то 8-умро тақсим мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои плей-офф барои худ ҷойҳои боқимондаро муайян менамоянд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои марҳалаи аввалро дар шаҳри Душанбе оғоз кард ва то 30 декабр идома медиҳад. Ба ҳайати даста мураббиён 29 бозингарро даъват кардаанд, ки аз онҳо 18 нафарашон ба мусобиқа фиристода мешаванд.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқа барои хотира ва Ҷоизаи Валентин Гранаткин чунин аст:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон,Булғория, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Россия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон , Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: