Бозингари дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи «Бухоро»-и Ӯзбекистон гузашт

Бозингари шинохтаи  дастаи футболи   «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи  мунтахаби Тоҷикистон   Фатҳулло Фатҳуллоев корномаи варзишиашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон идома медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  Тибқи иттилои манбаъ, Фатҳулло Фатҳуллоев расман ба дастаи футболи  «Бухоро»-и Ӯзбекистон гузариш намудааст. Дар сарчашма маблағи гузариш ва муҳлати шартномаи футболбоз хабар дода нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки сармураббии дастаи футболи «Бухоро»-и Ӯзбекистон мутахассиси тоҷик  Муҳсин Муҳаммадиев мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: