БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар онҳо иштирок менамояд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини   тарзи озод ва юнонӣ-римӣ  (дар ҳайати 10 нафар)  дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, ширкат менамояд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба гӯштин 19-22 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 12 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 6 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик  дар 9 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.

Ҳикматулло Воҳидов  дар вазни 57 кг, Абдулқосим Файзиев дар вазни 65  кг, Гамид Ҷалилов дар вазни 74 кг, Баҳодур Қодиров дар вазни  86 кг, Искандари Рустам дар вазни  97  кг, Фарҳод  Анақулов дар вазни 125 кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67  кг, Бахтовар Ҳасанов дар вазни  77 кг   ва Суҳроҷ Азизов дар вазни 130 кг  дар намуди  гӯштини  тарзи озод ва юнонӣ-римӣ қувваозмоӣ   менамоянд.

Бояд  зикр кард, ки  варзишгарони  тоҷикро дар ин мусобиқа  мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Шодӣ Баҳромов ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем,ки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди гӯштин 5 медал (3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Медалҳои нуқра ба Лидия Карамчакова (вазни 48 кг, тарзи озод, Бусан-2002), Юсуф Абдусаломов (вазни 74 кг, тарзи озод, Бусан-2002), Зелимхон Юсуфов (вазни 65 кг, тарзи озод, Инчон-2014), медалҳои биринҷӣ бошад, ба Шамил Алиев (вазни 84 кг, тарзи озод, Бусан-2002) ва Муродҷон Тӯйчиев (вазни 120 кг, юнонӣ-римӣ, Гуанжоу-2010) тааллуқ доранд.

АМИТ «Ховар»