Бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол» дар Душанбе мегузарад

Чемпиони Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ба мувофиқа расиданд, ки бозии даври сеюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олиро, ки мебоист бо мизбонии «Регар-ТадАз» баргузор шавад, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор намоянд. Бозии марҳалаи дуюмро 17 июн бо маслиҳати ҳамдигарӣ дар варзишгоҳи «Талко-Арена» доир хоҳанд кард. Дар ин бора сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
Ба ҳамин тартиб бозии байни дастаҳои «Регар — ТадАз» ва «Истиқлол», 18 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 шурӯъ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ду давр «Ҳосилот«-и Фархор бо 6 имтиёз дар зинаи аввал буда, «Регар-ТадАЗ» бо 4 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунанд. «Истиқлол» баъди як вохӯрӣ бо 3 хол дар ҷои сеюм аст.

АМИТ "Ховар"

Tags: