Бозӣ барои Ҷомӣ олии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор

 Имсол футболбозони кишвар барои дарёфти Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор талош хоҳанд кард. Тавре дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон соли равон дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, чемпион ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ мубориза мебаранд. Таърихи баргузории мусобиқа барои Суперҷом баъдан маълум хоҳад шуд. Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 дар кишварамон гузаронида мешавад. Аввалин бозӣ барои Суперҷом ҳанӯз соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Бозиҳои Суперҷомро варзишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014 ва 2015) ва Турсунзода (2016) мизбонӣ кардаанд. «Истиқлол»-и Душанбе шаш маротиба солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Ба «Равшан»-и Кӯлоб муяссар гардидааст, ки соли 2013 Суперҷомро аз худ намояд. Бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2016): 2010 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Истиқлол» (Душанбе) 0:2 2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:0 2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1 2013 «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1 2014 «Равшан» (Кӯлоб) «Истиқлол» (Душанбе) 0:5 2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) — 2:2, аз рӯи пеналтӣ 4:3 2016 «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:2

Tags: