17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи «Артел» соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзгорро истеҳсол менамояд.
Шумораи коргарони корхона то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникиро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмӯъ 500 номгӯи маҳсулот бароварда мешавад.
Маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.
АМИТ«Ховар»