Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр шинос шуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид.

Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур 3 марҳиларо дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он 4 сол идома меёбанд.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳа сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии хатҳои обгузар ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, аз ҷумла 35 километр барқарорсозии хатҳои обгузари қутрашон аз 325 то 600-милиметра ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон сохтмон ва барқарорсозии обанборҳо, аз ҷумла барқарорсозии 16 чоҳи амудӣ, насби 10 обкашҳои зериобӣ, трансформатрҳои барқии 400 ва 630 кВт, сохтмони 3700 метр хати интиқоли барқи 10кВ, таҷдиди обанбори Тебалай, бунёди ҳавзи нигоҳдории 6000 метри мукааб об, 2 ҳавзи нигоҳдории 3000 метри мукааб об, сохтмони бинои электролизерӣ, бинои нави пойгоҳи обкашӣ бо насби 8 агрегати насосӣ, навсозии пойгоҳи обкаши дуюм ва насби 11 агрегати насосӣ, сохтмон ва барқарорсозии пойгоҳи обкашии барориши сеюм, аз қабили сохтмони пойгоҳи обкашии нав бо насби 4 насоси обкаш, бунёди 4 ҳавзи нигоҳдории об бо ғунҷоиши аз 1500 то 2500 метри мукааб ва насби обченкунакҳо дар назар аст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳр, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор, инчунин таҳкими иқтидори корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ дар шаҳри Кӯлоб муаррифӣ карда шуд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи таъмир ва барқарорсозии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи якум давоми солҳои 2015-2016 бо харҷи 4,8 миллион доллар 5,8 километр роҳҳои се кӯчаи шаҳр, аз ҷумла кӯчаҳои Сафаров, Ҳилоли Аҳмар, Сохтмончиён ва Лағмон-Яхсу таъмир гардида, як пул бо дарозии 30 ва паҳноии 10,8 метр навсозӣ гардид.

Дар марҳилаи дуюм таъмиру таҷдиди 11,4 километр роҳи 6 кӯчаи шаҳри Кӯлоб ба сомон расонида шуда, пурра асфалтпӯш гардиданд. Ҳамчунин 6,4 километр чароғон ва ду пул бо дарозии 24 метр навсозӣ карда шуд ва маблағи умумии марҳилаи дуюм низ 4,8 миллион доларро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ дар ду марҳила 17,2 километр роҳи дохилии шаҳри Кӯлоб таъмиру таҷдид, 3 пул навсозӣ ва 6,4 километр роҳ чароғон гардидааст.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи сеюм гуфта шуд, ки таъмири роҳҳо ва равшаннамоии 12 кӯчаи шаҳр бо дарозии қариб 12 километр навсозӣ гардида, пули 39-метраи роҳи Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб таҷдид мегардад.

Тадбири мазкур имкон фароҳам меорад, ки роҳҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонида шаваду сокинону меҳмонон бемамониат рафту омад кунанд.

Ҳамаи ин иқдомҳои созандаро сокинони шаҳри Кӯлоб самараи соҳибистиқлолӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар баробари муаррифии лоиҳаҳои роҳу системаи обтаъминкунии шаҳр ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз гардида, муҳлати анҷоми он соли 2021 мебошад. Арзиши лоиҳаи мазкур 4 миллион доларро ташкил дода, 3 марҳиларо дар бар мегирад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави идоракунии партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Кӯлоб, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои замони муосир мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи амалии ин 3 лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои бо сифат анҷом додани корҳои пешбинишуда ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Воқеан, амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо, яъне таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, пурра таҷдиду навсозӣ ва чароғон гаштани роҳҳои дохилӣ ва сари вақт ҷамъ овардани партовҳои сахти маишӣ ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: