БОЗ АХТАРЕ МОРО ТАРК ГУФТ. Овозхони маъруф Ҷамшед Исмоилов аз дунё гузашт

Боз як ахтари тобон  моро тарк гуфт. Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистогн, собиқ директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дӯсти дерин ва вафодори радиои “FM Ховар” имрӯз вафот кард.

Марҳум аз диабети қанд азият мекашид. Ӯ дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ шуда буд ва имрӯз тақрибан соати 10-и субҳ даргузашт. Ду ҳафта пас ӯ 64-сола мешуд.

Дарвоқеъ, ӯ ситораи дурахшоне  дар замин, дар байнамон ва ҳамроҳамон буд, ки моро тарк гуфт ва ба осмонҳо рафт ва бидурахшид. Боз бештар равшантар аз пештар.

Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд  ба дунё омадааст.  Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

Исмоилов ҳамчунин  соҳиби маълумоти дуюм — филолог буд, ки ин ихтисосро дар ДПТ гирифтааст.

Ӯ дар кумитаҳои комсомолии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе кор кардааст.  Дар оғози солҳои 90-ум муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ҷамшел Исмоилов аз худ сурудҳои ҷовидона ба мерос мондааст.

Яке аз аввалин сурудҳое, ки ба ӯ дар ҷавонӣ шӯҳрат бахшид, суруди «Аз зери чодарат» буд. Ин суруд то ҳол дар байни сокинони Тоҷикистон маъруф мебошад. Суруди дигари машҳури ӯ «Модари ман» аст, ки дар YouTube тақрибан як миллион тамошобин пайдо кардааст! Боз як суруди ӯро, ки ба дастаи машҳури футболи «Помир» бахшида шудааст ва он як навъ гимни мухлисони футболи кишвар шудааст, наметавонзикр кард.

Ҳунарманд оиладор ва  соҳиби чор фарзанд буд: ду писар, ду духтар ва чор набера, ки онҳоро хеле дӯст медошт…

АМИТ «Ховар»

Tags: