Бори аввал дар ИМА доруи коронавирусро сабти ном намуданд

Раёсати назорати санитарии маҳсулоти ғизоӣ ва доруҳои ИМА (FDA) бори нахуст доруи табобати коронавирусро сабти ном кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус CBS News иттилоъ додааст.

Аввалин шуда доруи ремдесивир иҷозати FDA-ро барои истифода бурдан ҷиҳати табобати коронавирус дарёфт намуд. Зикр карда мешавад, ки аз баҳори соли равон дар Иёлоти Муттаҳида ба истифодаи ин дору дар ҳолатҳои фавқулода иҷозат дода шуда буд.

Қаблан, раиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иброз намуда буд, ки ремдесивир дар муолиҷаи коронавирус самаранокӣ нишон надод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо доруе бо номи дексаметазон исбот кардааст, ки он метавонад ҳангоми табобати бемориҳои шакли вазнин муфид бошад.

Президенти ИМА Доналд Трамп, ки 2 октябр ба коронавирус гирифтор шуданашро эълом намуда буд, барои табобаташ ремдесивирро истифода кардааст. Духтурон инчунин ба бадани ӯ тавассути сӯзандору  ҳашт грамм коктейли зарраҳои зидди уфунатии поликлоналии Regeneron гузаронида буданд. Илова бар ин ӯ маводи рӯҳ, витамини D, фамотидин, мелатонин ва аспирин истеъмол карда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: