Бонувони шаҳри Гулистон дар ҳафт маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ бо кор фаро гирифта шудаанд

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиарду 660 миллиону 560,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, инчунин дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 95 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.  Ҳамзамон аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 546,0% (5,5 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 32,9 фоизро ташкил додааст.

Дар ин бора  масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода иттилоъ дод.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, давоми нуҳ моҳи соли 2018 дар миқёси шаҳр ду коргоҳи дӯзандагӣ- яке аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази шаҳри Гулистон ва дигаре дар шаҳраки Адрасмон бо 16 ҷои кор таъсис ёфтааст, ки дар он ҳунармандон ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва миллӣ машғул мебошанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҳудуди шаҳр корхонаҳои калони дӯзандагӣ, истеҳсоли орд, парандапарварӣ, коркарди пӯст ва ҳамзамон корхонаҳои хурди истеҳсоли афшураи мевагӣ, коркарди шир, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва як сардхонаи замонавӣ фаъолият доранд.

Аз ҷумла, дар 4 корхонаи истеҳсоли орди шаҳр дар ин давра аз рӯи 7 намуд 30,6 тонна маҳсулот ба маблағи 61 млн. 669,9 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

Инчунин баҳри фарогирии занону бонувон бо ҷои кор ва касбомӯзӣ дар шаҳр 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис ёфта, онҳо бо 33 дастгоҳ, аз ҷумла 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 19 дастгоҳи қолинбофӣ (5 калон ва 14 хурд) ва 12 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

То ин дам дар ин марказҳо 206 нафар занону духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.

То имрӯз 423 нафар занону духтарон дар маркази таълимӣ-касбомӯзӣ фаъолият намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбу ҳунар гардидаанд.

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 дар ин марказҳо 20 ҳазору 800 метр адрас омода ва 55 сар калоба ҳамчун ашёи хоми асосӣ тайёр карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 1137 ҷойи кор  таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358 ҷой зиёдтар мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: