«БОМИ ҶАҲОН». Дар Хоруғ Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳӣ доир мегардад

ТВТ.12.08.2022. Аз 19 то 21 август дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори фестивал Самандар Пулодов.

Дар  фестивали имсола 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳадафи фестивал- инъикоси зебоии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат ва анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.

Дар фестивал аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсиладарсҳои маҳоратӣ доир карда мешаванд.

Дар доираи фестивал инчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ, хӯрокҳои миллӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: