Бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Пиёдагард» шурӯъ гардид

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 то 28 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон амалиёти «Пиёдагард» доир менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.

Дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани амалиёти «Пиёдагард» коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд, ки ин боиси ташвишу нигаронист.

Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА, дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла дар доираи амалиёти «Пиёдагард» аз ҷониби кормандони БДА ва кормандони ғайрибастӣ ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ ва олӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: