Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи доимӣ оид ба санҷиши вазъи истифодаи муассисаҳои таълимии навбунёди пойтахт таъсис ёфт

Дар асоси  Амри Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Комиссияи доимӣ оид ба санҷиши вазъи истифодаи муассисаҳои таълимии навбунёди пойтахт таъсис ёфт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати пайвастаи вазъи истифодаи муассисаҳои таҳсилоти навбунёди пойтахт, ки зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  14 августи соли 2018 баён дошт, роҳандозӣ гардид.

Тибқи қарори дахлдор, Комиссияи мазкур  вазифадор карда шудааст, ки ҳар шаш моҳ баъди ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф санҷиши ҳолати воқеии онро ба роҳ монда, аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

Ҳамчунин дар асоси ин  қарор Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст,  ки рӯйхати иншооти сохташуда ва дигар маълумоти зарурии ба он вобастаро  ба Комиссия дастрас намояд.

 

Tags: