Беш аз 6 ҳазор нафар занони хонашини Хатлон бо кор таъмин гаштанд

Дар соли 2016 ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 15 ҳазор зан муроҷиат намуда, 11 476 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 7623 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуд.
Аз шумораи муроҷиаткунандагон 6460 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 1045 нафарашон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. 444 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои бефоизи мақомоти шуғли аҳолӣ ба соҳибкории хурд машғул гардиданд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ дар вилояти Хатлон занону бонувон инчунин ба шуғли хонагӣ фаро гирифта мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши модулӣ» дар шаҳри Кӯлоб ва «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» дар шаҳри Норак фаъолият менамоянд.
Дар соли сипаригардида мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи касбомӯзӣ дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷои 5805 нафар 6608 нафар хоҳишмандон барои гирифтани ихтисосҳои гуногун дар курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат омӯзонида шуданд. Ин 113,8 фоизи нақшаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бо мақсади рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 109 адад дастгоҳҳои хурди омӯзишии қолинбофӣ, 45 адад дастгоҳҳои калони қолинбофӣ ва зиёда аз 50 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ насб карда шудаанд, ки занону духтарони бе шуғл онҷо фаъолият мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: