Беҳтарин рамзофари тоҷик

Дирӯз  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори кишвар интихоб ва тасдиқ карда шуд.

Нишони рамзии зикршуда аз ҷониби Салимшо Пирумшо саррассоми “Телевизиони Тоҷикистон”, ки солҳои зиёд дар ин ҷода фаъолият кардаву аз устодони моҳир ва рассоми шинохтаи кишвар маҳсуб меёбад, офарида шудааст.  Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд. Ҷаноби Салимшо мегӯяд, ки дар таҳияи ҳар рамз ӯро лозим меояд бештар сари мизи корӣ нишинад ва заҳмати зиёде масраф созад. Ба гуфтаи ӯ эҷоди рамз ҳам мисли дигар мусаввараҳои рассомӣ фазои хоси эҷодӣ, илҳом ва меҳру муҳаббати беандозаро талаб мекунад.

“Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки ҳафтаҳо кӯшиш менамоӣ то чизе эҷод кунӣ, аммо натиҷаи мусбате намедиҳад, чун илҳом нест. Вале вақте илҳом меояд дар як муддате хостаатро рӯи коғаз меорӣ. Ман ҳар рамзи мекашидаамро қаблан дар чандин коғазҳо бо ҳар шаклу услуб тасвир мекунам, сипас дар охир он тасвирҳоро гулчин кардаву нусхаи ниҳоиашро интихоб менамоям”, - меафзояд рамзофари тоҷик.

Ҷаноби Салимшо гуфт, ки дар офаридани рамзҳо ба ӯ ҳамкоронаш маслиҳату машваратҳо медиҳанд. Ӯ ҳамаи рамзҳояшро дар коғазҳо тасвир мекунад ва бо ёрии дизайнер Илҳом Моилов онҳоро дар компютер рӯйбардорӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҷуз рамзи “Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкори кишвар” ҷаноби Салимшо Пирумшо инчунин муаллифи рамзҳои “Наврӯз-2017”, “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”  маҳсуб меёбад ва ҳама рамзҳои пешниҳодкардааш дар миёни маҳсули эҷоди дигар рассомони мамлакат фарқкунанда буда, аз ҷониби Президенти кишвар хуш пазируфта шудаанд.

 Салимшо Пирумшо хатмкардаии  Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишкадаи телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ӯ солиёни зиёд дар телевизион кор кардаву дар офаридани наққошиву деккоратсияҳои зиёде саҳми худро гузоштааст. Салимшо ягона рассомест, ки ба ҳамаи жанрҳои барои рассом хос баробар таваҷҷуҳ дошта, дар ҳар кадомашон ба дараҷаи баланди устодӣ расидааст. Бидуни ин боз ӯро чун ороишгари беҳтарини китоб низ мешиносанд. Садҳо китоб ва маводи дигари чопӣ ба сеҳри қалами ин рассоми нотакрор ороиш ёфтаанд, ки аз ҷониби мунаққидони шинохта  пазируфтаву  сазовори баҳои баланд гардидаанд.

Салимшоро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун ороишгари беҳтарини саҳнаҳо низ мешиносанд. Нақши қалами ӯ дар ороиш додани намоишномаҳо ва инчунин филму спектаклҳои телевизионӣ басо калон буда, писанди мухлисони сершумор гардидааст. Филми телевизионии «Суруди дил», филм- спектакли «Қабул аз соати 3 то 6»-и Р.Чхеидзе, филми бачагонаи «Фирор», спектакли телевизионии «Зани оҳанин» «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён…», барномаи «Ҳазораи «Шоҳнома», «Клуби дугонаҳо», намоишномаҳои «Наврӯзӣ», «Ҷашни истиқлоли Тоҷикистон», «Шашмақом», «Фалак», ҷашнҳои Ваҳдати миллии Хуҷанд, Душанбе, Рашт ва Хоруғ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Tags: