Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад

Раиси шаҳри ДушанбеБахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 апрел то 25 июни соли 2019  барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом  бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва  солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори мазкур Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаи мазкур тасдиқ гардида,  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби   маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда  60000 (шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Раиси шаҳр бо ин қарор ҳамчунин масъулин, аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»,  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо муваззаф гардонидааст, ки  дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон  барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.

АМИТ «Ховар»