Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиш баргузор гардид

14 май  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила  дар тарабхонаи «Бӯстон»-и маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, оилаҳои намунавӣ аз тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти  Раиси ноҳияи Мастчоҳ  ба АМИТ  “Ховар” иттилоъ доданд, Тоҳир Азиззода иброз дошт, ки ташкили оила аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосии одамон буда, бунёди оилаи солим асоси ҷомеаи солим мебошад. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки  «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд»,- гуфт Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Зимни баргузории  ҳамоиши мазкур ақди никоҳи ду оилаи навташкил доир шуда, ба як оилаи ҷавони хушбахт, ки соҳиби дугоник гардидаанд, шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон ва армуғони идона тақдим гардид. Ҳамчунин ба як гурӯҳ оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мастчоҳ Сурайё Яъқубова доир ба фарҳанги оиладории ҷавонон мулоҳизаҳои судманд баён дошта, онҳоро ба сабру таҳаммул ва пойдор нигоҳ доштани хонадонашон даъват намуд.

Дар анҷом ҳунарнамоии санъаткорони ноҳия табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: