БА ВКД НАВИСЕД, ЗАНГ ЗАНЕД. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули муроҷиату дархости шаҳрвандонро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монд

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саривақт ва холисона баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон қабули муроҷиату дархости шаҳрвандонро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пеш гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ ( info@ubop.tj) ва ё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намоянд.

Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66.

«Кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин карда мешавад»,-зикр намуд манбаъ.