Ба сокинони Файзобод ҷиҳати шарҳи Паёми Пешвои миллат маводи иттилоотӣ дастрас гардид

Ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо ва шаҳру навоҳии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Дар ноҳияи Файзобод ҷиҳати шарҳи Паёми Пешвои миллат корҳои фаҳмондадиҳию барномаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ доир гашта истодаанд. Дар 17 китобхонаи ноҳия гӯшаҳои деворӣ насб гардида, ба мардум маводи иттилоотӣ дастрас гардиданд.
Ҳамчунин дар ноҳия вохӯриҳои вакилони халқ бо мардум пайваста доир гардида, зимни суҳбату мулоқот ба мардум моҳияти Паёми Сарвари давлат фаҳмонида мешавад.

khovar.tj

Tags: