БА ШАРАФИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ЯК ВАҚТ АЗ ТӮПҲО 30 ШИЛЛИК ПАРОНИДА ШУД. Нахустин бор дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе паради ҳарбӣ гузашт

Субҳи имрӯз ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат гузашти низомии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Қабл аз паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол суханронӣ намуданд. Сипас,   зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик паронида шуд.

Бояд гуфт, ки паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни ҷумҳурӣ  ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоянд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд. Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар шаҳрванди мамлакатро мебинанд».

Сарвари давлат  ҳамчунин изҳор доштанд, ки эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.

Tags: