Ба диққати ронандагони шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе: мошинҳои худро гирифта, роҳро озод намоед!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёти шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе хостааст, то мошинҳои худро гирифта, роҳро озод намоянд.
Тавре дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ омадааст: «Вазорати корҳои дохилӣ ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёти шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе мерасонад, ки нафароне ки мошинҳои худро дар долонҳои (ГАЛЕРЕЯ) шоҳроҳи мазкур гузоштаанд, таъҷилан онҳоро гирифта, роҳро озод намоянд».

АМИТ «Ховар»