«Аз зуҳуроти номатлуб – коррупсия пешгирӣ менамоем!»-вохӯрӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи тарҳрезишуда   бо кормандони Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои тобеи он  вохӯрӣ доир   намуданд.

Дар ҷамъомад муовини Вазири  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолӣ  Абдусалом Мирзозода  зикр кард, ки  дар вазорат ҷиҳати иҷрои «Стратегияи муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб –коррупсия  «Барномаи зиддикоррупсионии  соҳавӣ барои солҳои 2016-2017» таҳия гардида, дар робита ба он Комиссияи дохилиидоравӣ  таъсис дода шудааст.

«Тибқи Барномаи мазкур  ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар сохторҳо мунтазам  таҳлили  хавфҳои коррупсионӣ гузаронида, ҷиҳати омўзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ  барои  хизматчиёни  давлатӣ  курсҳои  таълимӣ  ташкил гардида, назорати молиявӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба роҳ монда шудааст»,- илова намуд Абдусалом Мирзозода.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин таъкид  гардид, ки дар вазорат  доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи методологияи тартиб ва гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» гурўҳи корӣ оид ба баҳодиҳии  хавфҳои коррупсионӣ    бо роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Зимни ҷамъомад муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ  ва муовини сардори Раёсати якуми ҳамин Сарраёсат Шодком Турсунзода  ҷанбаҳои мухталифи «Стратегияи муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  ва  «Методологияи тартиб ва гузаронидани таҳлили  хавфҳои коррупсионӣ»-ро шарҳ доданд.

Намояндагони  Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ибрози умедворӣ намуданд, ки ҷамъомади мазкур  барои  пешгирии  омилҳои  коррупсионӣ дар вазорат   мусоидат  менамояд.

АМИТ "Ховар"

Tags: