Аз қочоқчиён зиёда аз 1 740 кг маводи нашъадор мусодира гардид

Соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 740 кг 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла,  27 кг 267 гр  героин,  455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре сардори маркази матбуоти  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар давраи сипаришуда аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумита  577 ҳазору 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутрашон гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.

АМИТ"ХОВАР"