Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда”, “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ намудани воридоти дорувории пастсифат, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф ва беҳдошти зиндагии мардуми кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.
АМИТ «Ховар»