Аз 12 то 16 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази Душанбе маҳдуд карда мешавад

маркази ДушанбеБо мақсади гузаронидани тамрини иштирокчиёни чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 дар хиёбони И.Сомонӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 12 то 16 марти соли равон аз соати 9: 00 то 13:00   қатъ  карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳамчунин ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз 16 то 21 марти соли 2019 аз соати 10:00 то 14:00 қатъ карда хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати хатсайри троллейбусии №1 ва 10 аз 16 то 25 марти соли 2019 дар хиёбонҳои И.Сомонӣ ва А.Рӯдакӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, то ки аз хизматрасониҳои автобусҳои №3 ва 8 истифода намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: