Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара барои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд

Ҳангоми сафари ҳайати Донишгоҳи Самара ба Душанбе, ки 26 ноябр ба охир расид, Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии  тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв  ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Институти физика ва технологияи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба санад Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ректори Муассисаи   федералии давлатии мухтори  таҳсилоти олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв» Владимир Богатирёв имзо карданд.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳои дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи илмию маърифатӣ,  фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимод дар соҳаҳои барои ҷонибҳо ҷолиб ва бар пояи манфиатҳои мутақобила  судманд изҳор доштанд»,- гуфт манбаъ.

Ҳадафи мусоҳибон ба мусоидат дар таҳия ва рушди барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, инчунин ташкили мубодилаи илмӣ ва академӣ равона шуда буд.

Дар доираи Протоколи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ, хидматҳои мутақобилаи иттилоотӣ ва машваратӣ дар соҳаҳои маориф, илму  техника  ва фарҳанг, ташкил ва баргузории форумҳо ва конфронсҳои муштараки байналмиллалӣ ба таври мустақим ва онлайн, мубодилаи таҷриба дар ташкил ва баргузории омӯзиш таъмин карда мешаванд. Инчунин раванди мубодилаи  муттасили профессорону омӯзгорон, докторантҳо ва аспирантҳо, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ барои мутахассисони табиатшинос, олимон ва муаллимон ба роҳ монда мешавад.

Бояд зикр кард, ки барои ҳайати Самара барномаи фарҳангӣ низ ташкил карда шуд. Меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Қалъаи Ҳисор ва дигар ёдгориҳои таърихию тамошобоб дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.Королёви Федератсияи Россия 23 ноябр барои баргузор кардани гуфтушуниди корӣ ба Тоҷикистон омада буд.

АМИТ Ховар

Tags: