Агентии содирот: Соли 2020 ба Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон содироти ангишт ба роҳ монда шуд

Соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» якҷо бо ширкатҳои ватании ҶДММ «Данғара» ва ширкатҳои «Айнӣ транзит ЛТД»-и Ҷумҳурии Покистон ва ширкати «Брокинг стонер»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон содироти ангишт ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин соли сипаришуда  аз ҷумҳурӣ ба Россия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад.

Дар ин хусус  директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода имрӯз, 19 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Шавкат Бобозода ҳамчунин изҳор дошт, ки новобаста ба омилҳои беруна ва таъсири пандемияи КОВИД-19 соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 млрд 406,9 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  232,5 миллион  зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  268,7 миллион зиёд мебошадТибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019  10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.

«Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъоварӣ, захира, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бастани қарордодҳои содиротӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар дар назди Агентӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, якчанд курсҳои омӯзишӣ дар ин самт баргузор карда шуд»,-афзуд номбурда.

Дар  нишаст гуфта шуд, ки дар баробари ин ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти тезвайроншаванда ва дарёфти харидорони хориҷӣ бо якчанд ширкату созмонҳои ватанию хориҷӣ видео-конфронсҳо ва чорабиниҳои дахлдор баргузор шуданд, ки дар натиҷа байни ҷонибҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла моҳи августи соли 2020 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ширкати «GIOS»-и Ҷумҳурии Корея байни Агентии содирот ва ширкати кореягии GIOS ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон, инчунин ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ёддоштҳои тафоҳум оид ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба имзо расонида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: