Афғонистон: Ҳалокати 12 полис аз дасти террористон

Дар вилояти Ҳилманди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон силоҳбадастони номаълум ба нуқтаи гузаргоҳи кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамла намудаанд.
Дар натиҷаи ин ҳамла  12 нафар кормандони мақомоти полис ба ҳалокат расидаанд.
Аз рўи маълумоти муовини роҳбари полиси вилоят силоҳбадастон аввал ҷониби нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ норинҷаки дастӣ ҳаво дода, баъдан аз яроқ оташ кушодаанд.
Ба иттилои расонаҳо пас аз  ҳамла силоҳбадастон яроқу муҳимоти ҷангии кормандони полисро гирифта, аз маҳалли ҳодиса фирор намуданд.
Айни ҳол ҷустуҷўи силоҳбадастон аз тарафи кормандони сохторҳои ќудратӣ ҷараён дорад.

Tags: