45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан баргардонида шуданд

27 майи дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон 45 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

Зимнан бояд зикр намуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони мамлакат, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии COVID-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои зарурӣ меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро дар наздиктарин фурсат аз хориҷа ба Ватан солим баргардонад.

Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.

Бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: