35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд

Дирӯз 35 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйр» аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Иқдоми мазкур дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон амалӣ шуд.

Ҳамзамон тавассути ин парвоз марҳилаи дуюми ёрии тиббии Эрон ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири CОVID-19 ба Тоҷикистон расонида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: