3 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» гардиданд

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, 3 нафар донишҷӯи  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тавре аз донишкадаи мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишҷўи курси дуюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Мадина Зоирова, донишҷўи курси сеюми шуъбаи китобдорӣ  Назира Доруева ва донишҷўи курси сеюми шуъбаи рўзноманигори телевизион Умедҷон Юнусалиев аз рўи номинатсияҳои адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ғолибонро табрик намуда, гуфт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва такмили захираи луғавӣ миёни аҳолии мамлакат доир мегардад.

-Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ афзун мегардонад. Зеро китоб сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз,  «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» мебошад. Дарвоқеъ, таърихи китобдории тоҷик аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Дар анҷом ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ва мукофотпулии раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада сарфароз гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: