29 январ Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ доранд

Пагоҳ, 29 январ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти  матбуотӣ мегузаронанд.

Саридораи геология соати 09:00 бо хабарнигорон дар бинои Саридораи геология нишаст мегузаронад.

Нишасти Палатаи савдо ва саноат соати 10:00 дар Палатаи мазкур доир мегардад.

Нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баргузор мешавад.

Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт нишасташонро мегузаронанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: