25 январ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

25 январ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11:00, дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли 2021 аз соати 08:00 то соати 17:00 ва 25 январи соли 2021 аз соати 07:00 то 10:00 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47.

АМИТ «Ховар»

Tags: