21-22 март дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад

гӯштинАз  21 то 22 марти  соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати  мазкур дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Марҳилаи  аввали чемпионат  15 феврали соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва марҳилаи дуюм 1 март дар вилоятҳои  Хатлон, Суғд ва ВМКБ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ  роҳхат пайдо намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод-ин  муайян кардани беҳтарин чеҳраҳои варзиш ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми чемпионат узви яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардида, ғолибони вазнҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

АМИТ «Ховар»