14 нафар варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон ширкат мекунанд

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, аз  12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ ширкат мекунанд.

Чемпионати мазкур аз рӯи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. Аввалин маротиба ғолибон дар 7 категорияи вазнӣ дар ҳар се равия муайян мегарданд.
Мардҳо: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг; бонувон: -50кг, -54кг, -59кг, -65кг, -72кг, -80кг, +80кг; самбои размӣ: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг.

Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил медиҳад. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштироки варзишгарон аз 50 давлат, аз ҷумла  Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Бразилия, Булғористон, Буркина-Фасо, Венесуела, Гвинея, Гурҷистон, Индонезия, Ирландия, Исроил, Испания, Италия, Камерун, Кипр, Колумбия, Корея, Коста-Рика, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Македонияи Шимолӣ, Малӣ, Марокаш, Мексика, Миср, Молдова, Муғулистон, Нигер, Нидерланд, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Тринидад ва Тобаго, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Урдун, Фаронса, Филиппин, Хорватия, Ҷумҳурии Доминикан, ИМА, Швейтсария, Эрон, Юнон ва дастаи мунтахаби Русия дар назар аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои имсола чунин аст:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов
Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов

АМИТ «Ховар»

Tags: