11-12 ноябр дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» бо мақсади  омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе минтақаҳои шаҳр   аз соати 23:00-и 11 ноябр то соати  24:00 –и   12 ноябри  соли равон қатъ мегардад. Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 –и  11 ноябр  то соати 24:00-и 12 ноябри  соли 2020 дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи болою поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём, Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ),  Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 дар ноҳияи Шоҳмансур,  дар  маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино  қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони маҳаллаву шаҳракҳои зикршуда хоҳиш менамояд, ки ба миқдори зарурӣ оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: