Валиев Давлатёр Ғаффорович

Валиев Давлатёр Ғаффорович шореҳи Идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиа.

Валиев Давлатёр Ғаффорович 28.11.1995 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми бомуваффақияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар соли 2013 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, дар соли 2017 зинаи
бакалаврӣ ва соли 2020 зинаи магистратураро бо «Дипломи аълочӣ» хатм намудааст. Мавсуф давоми солҳои таҳсили зинаи бакалаврӣ гирандаи «Стипендияи Президентӣ» буд. Валиев Давлатёр докторанти (PhD)-доктор аз рўйи ихтисос (илмҳои ҳуқуқшиносӣ)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ

Валиев Давлатёр соли 2013 тариқи озмун дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул гардидааст:

- солҳои 2013-2016 муҳаррири хурди Идораи барномаҳои иттилоотии «Радиои Тоҷикистон»;
- солҳои 2016-2018 муҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон»;
- солҳои 2019-2020 шореҳи Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон»;
- аз моҳи январи соли 2021 то кунун ба сифати шореҳи Идораи барномаҳои ҳуқуқ, амният ва мудофиаи «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намуда истодааст.

ДАСТОВАРДҲО

Валиев Давлатёр муаллифии барномаи «Инсон ва қонун»-ро ба уҳда дорад ва то кунун нашрҳои зиёди барнома тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» манзури бинандагон гардидааст. Ҳадафи барнома таҳлилу инъикоси натиҷаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар заминаи он боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бо муаллифии Валиев Давлатёр 8 филми ҳуҷҷатии «Об-манбаи ҳаёт», ки мавзўъҳои он фарогири «Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об» аст, таҳия шуда, дар мавридҳои зарурӣ тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» пахш мегарданд.

Номбурда соли 2017 соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ гардидааст. Бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Мақолаҳои илмӣ:

- Масъалаҳои нақди наср дар маҷаллаи «Садои Шарқ»-и солҳои 1991-2001;
- Масъалаҳои нақди адабӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ»-и солҳои 2015-2016;
- Таҳқиқи истилоҳоти марбут ба набототи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» - и Садриддин Айнӣ;
- Масъалаҳои танзими ҳуқуқии хат ва забони давлатии шахсони имконияташон маҳдуд-нобиноёну ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ:

Бештар аз 26 мақолаи илмӣ-оммавии Валиев Давлатёр дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар рӯзномаҳои даврӣ нашр шудааст.