«ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО, ИСТИҚЛОЛ!». Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
Опубликовано пт, 10/12/2021 - 11:18 пользователем adminДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои пурмуҳтавои консертӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивал–озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.