Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон боздид намуд
Опубликовано пт, 17/05/2019 - 13:52 пользователем admin
16 майи соли равон намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири кишоварзии ин мамлакат Дмитрий Патрушев бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз кори боғдорону кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун дидан намуданд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев мулоқот доир намуд.
16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мух