Бозиҳои Тобистонаи Осиё

БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОСИЁ: Аз рӯи шумори медалҳо Ӯзбекистон ба сафи даҳгонаи беҳтарин ворид гардид

Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардиданд, идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Индонезия хабар медиҳад.

То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.